Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона маҳфили ҷадид орост. Маҳфил таҳти унвони “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” фаъолият намуда, дар он асаре мавриди суҳбату таҳлил қарор мегирад, ки муаллифаш сазовори Ҷоизаи Нобел гаштааст. Маҳз ҳамон асаре, ки адибро сазовори Ҷоизаи Нобел сохт.
Дар нахустмаҳфили “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” асари машҳури нависанда, рӯзноманигор ва хабарнигори ҳарбии машҳури амрикоӣ Эрнест Миллер Ҳемингуэй “Пирамард ва баҳр” мавриди суҳбату баррасӣ қарор дошт. Дар маҳфил дӯстдорони каломи бадеъ, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва хонандагони фаъоли шуъба иштирок намуда, аз суҳбати самимӣ доир ба эҷодиёти адиб ва хусусан повести “Пирамард ва баҳр” баҳравар шуданд.
Маҳфилро корманди Китобхонаи миллӣ оғоз намуда, иштирокдорону шунавандагони онро бо ифтитоҳи чунин як маҳфили бисёр ҷолибу пурмуҳтаво шодбош гуфт. Ҷиҳати ташкили ин маҳфили адабӣ ва фароҳам овардани фазои муносиб барои рушди маънавии хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин таъкид кард, ки баргузории маҳфилҳои адабӣ барои таҳкими завқи китобхонӣ ва дар баробари арҷ гузоштан ба адабиёти миллӣ, ҳамзамон арҷгузорӣ ба адибону адабиёти ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад.
Сипас риштаи сухан ва барандагӣ дар маҳфил ба Бибиойишаи Асламхон – иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дода шуд.
Иштирокдорони маҳфил бо як неруи пешбаранда аз ҳаёт ва фаъолияти Эрнест Ҳемингуэй маълумот дода, қайд намуданд, ки адиб соли 1954 қарни ХХ барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гаштааст. “Пирмард ва баҳр” дар бораи моҳигири кубагӣ Сантяго ва муборизаи ӯ бо моҳии азиме, ки сайди аз ҳама бузург дар ҳаёташ мешавад, нақл мекунад. Эрнест Ҳемингуэй дар соли 1953 барои ин қиссаи ҷолибу пурошуб ҷоизаи Пулитсерро ба даст оварда, соли 1954 барои асари “Пирмард ва баҳр” сазовори Ҷозиаи адабии Нобел шуда аст.
Баҳс дар атрофи повести ҷоизаовар “Пирамард ва баҳр” пуршур буд. Ҳар як хонанда, ки ҳамагӣ ин асарро мутолиа кардаву баҳри иштирок дар маҳфил тайёрии хуб дида буданд, фикру ақидаи худро баён менамуд. Ба назар мерасид, ки бачаҳо ҳама қаҳрамони асарро дар баҳр ва шикораш ҳамроҳӣ кардаву шоҳиди ҳар як лаҳзаи ҳаёти пирамард Сантяго буданд. Гӯё ҳар як хонанда
Аслан иштирокчиёни маҳфил ба суолҳои пешниҳод намудаи Оишамоҳ посух гӯянд ҳам, ҷавобҳо хеле муфассал ва густурда буданд. Фарогири пурраи ҳар як сужаи таҳлилшаванда буданд.
ва боз суолҳои дигару дигар. Суолҳо зиёд буданду гуногун, аммо посухҳо боз ҳам ҷолибтар. Ҳарчанд повест ба ҳаҷм начандон бузург аст, вале суҳбаташ доманадор буд.
Дар фароварди маҳфил хонандагони китобхону китобдӯст ба хулосае омаданд, ки баҳсу мунозира метавонад дар таҳлили ин асар хеле доманадор бошад, зеро ин қисса саргузашти на танҳо пирамард Сантяго аст. Он сарнавишти даҳҳо моҳигир аст. Бозгӯйи ҳаёт аст. Мубориза баҳри зинда мондан, мубориза баҳри ба орзуҳо расидан, баҳри сарбаландӣ, нангу номус.
Ногуфта намонад, ки чанд нафар аз иштирокдорони маҳфил аз повест порчаҳои мақбули худро бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва ҳатто англисӣ аз ёд қироат намуданд. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявӣ иштирокдори номинатсияҳои гуногун буданд.
Ҳадафи кормандони Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз бунёди лоиҳаи нав – баргузории маҳфили “Сад дорандаи ҷоизаи Нобел” пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба ганҷинаи бузургони башарият, бахусус миллати тоҷик мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки “Пирмард ва баҳр” бори аввал аз забони асл — англисӣ ба забони тоҷикӣ соли 2014 тарҷума ва чоп шудааст, ки онро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Дар зимн, ин асар шакли электронӣ низ дорад, ки онро дар Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ ва Бойгонии Телеграмканали Китобхонаи миллӣ дастрас намудан саҳл аст.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа