Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маҳфили “Ганҷи сухан” бо иштироки адибони маъруфу маҳбуби кишвар доир мегардад. Ногуфта…
Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маҳфили “Ганҷи сухан” бо иштироки адибони маъруфу маҳбуби кишвар доир мегардад. Ногуфта намонад, ки хонандагони доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирокдорони маҳфил мебошанд.
Дар меҳмонии маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон” “Аълочии матбуоти Чумхурии Точикистон”, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2025), Узви Иттифоки нависандагон (1996) ва Иттифоки журналистони Тоҷикистон (1998), шоири хушкалом Латофат Кенчаева ва шоир Ҳидоятбону Одинаева ҳузур доштанд.
Муҳаммадиқбол Атозода– муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ иброз дошт, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд баҳри болидахотирии хонандагони шуъба, ба хотири наздик будан ба аҳли илм, фарҳанг ва аҳли сухан пайваста маҳфилҳои фарҳангӣ барпо мекунад. Яке аз чунин маҳфилҳо маҳфили гарму дилнишини “Ганҷи сухан” аст.