2 октября 2026
Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2024, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024 тасдиқ шудааст, санаи 5 феврали соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарализода З.С. ва 14 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма варақаи матбуотӣ оид ба фаъолияти Хадамот дар соли 2024 пешниҳод ва ба саволҳои додашуда маълумоти дахлдор пешниҳод гардид.