Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабию маърифатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба баррасии осори пурарзиши адабиёти классикии тоҷик — «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд.
Дар оғози маҳфил таъкид гардид, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик дар ташаккул ва рушди забону адабиёти форсии тоҷикӣ нақши бузург гузошта, осори ӯ то имрӯз ҳамчун сарчашмаи хираду маърифат ва арзишҳои волои инсонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Зимни баррасии мавзуъ иштирокчиён дар бораи таърихи «Калила ва Димна», ҷойгоҳи он дар адабиёти форсу тоҷик ва нақши Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баёни манзуми ин асари пандомӯз андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд гардид, ки «Калила ва Димна» тавассути ҳикояву тамсилҳои рамзӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон ва ҷомеаро инъикос намуда, хонандаро ба хирадмандӣ, дурандешӣ, дӯстӣ, вафодорӣ, ростқавлӣ ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки арзиши «Калила ва Димна» танҳо ба мазмуни ҳикояҳои он маҳдуд намешавад. Асар намунаи барҷастаи пайванди адабиёт бо ахлоқ ва таҷрибаи зиндагии инсон буда, пандҳои он дар ҳар давру замон аҳамияти худро нигоҳ медоранд.
Дар идомаи маҳфил иштирокчиён порчаҳои шеъри аз осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат намуда, доир ба маъниҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва сабақҳои зиндагии дар онҳо ифодаёфта мубодилаи афкор намуданд.
Маҳфили «Бардошти маънӣ» дар фазои гарми адабию маърифатӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки тавассути осори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҷаҳони хирад, ахлоқ ва инсоншиносӣ назар андозанд.
Баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангию маърифатӣ дар Хадамоти иҷро ба тарғиби китобу китобхонӣ, арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат ва таҳкими маърифати маънавии кормандон мусоидат менамояд.