Санаи 3-уми октябри соли 2025 дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “ЗАБОН ОМИЛИ ҲАСТИ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ” бо иштироки муовини Сардори саридора ва намояндаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.