БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ АЗ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОЙГОНӢ ”
Санаи 9 апрели соли равон дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи тасдиқшуда иштирокчиёни курси бозомӯзӣ барои масъулини бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи “Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи фазои иттилоотӣ” аз кору фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Бойгонӣ ” дидан намуданд.