Общая информацияНизомномаи шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва замини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси замини ҶумҳурииТоҷикистон, қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2021, №29 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва замини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо (минбаъд - шуъба) муқаррар менамояд.