Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ва намояндаи ҳукумати мамлакат тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом ба сокинон китоби фарҳангиву арзишманди “Шоҳнома” тақдим шуд.
Сокинон бо эҳсоси миннатдорӣ туҳфаҳои Пешвои миллатро қабул карданд. Раиси шаҳр зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ин иқдом нишонаи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ҳар як сокини кишвар аст ва ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарғиби мутолиаи китоб ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Сокинони шаҳри Бохтар изҳор доштанд, ки чунин туҳфаҳо барои боло бурдани муҳаббат ба китоб, қадршиносии фарҳанги миллӣ ва густариши худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.