Имрӯз 17 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти шаҳр Абдулмаҷид Муминзод, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа ҷаласаи кори баргузор гардид.
Ҷаласаро Роҳбарияти шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуда, доир ба ҷараёнӣ иҷрои вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти бахшҳо ва вазъи умумии рушди иҷтимоиву хоҷагидории шаҳр маълумоти мухтасар пешниҳод карданд. Зикр гардид, ки дар самти беҳсозии муҳити зист, тадбирҳои ободонӣ, таъмини тозагӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо то ҳол як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо аз масъулин фаъолият ва назорати ҷиддиро талаб мекунад.
Сипас, роҳбарони сохторҳои марбута дар бораи иҷрои нақшаҳои фаъолият, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳисобот доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тоза ва назаррабо нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳтар намудани ҳолати иншооти коммуналӣ, тақвияти корҳои ободонӣ, боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор қарордодашуд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ, зебосозии кӯчаву маҳаллаҳо, танзими партовгоҳҳо, назорати кабудизоркунӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки иҷрои нақшаи ободонӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳоро дар муҳлатҳои муайян иҷро намоянд.
Дар анҷом роҳбарияти шаҳр аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки баҳри рушди устувори шаҳри Бохтар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда, ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ муносибати масъулона зоҳир намоянд.