Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло дар ҳисоботи худ азҷумла қайд намуданд, ки солҳои 2025-2026 барои тамоми кормандони соҳаи авиатсияи кишвар солҳои муҳими таърихӣ ва пур аз масъулият ба ҳисоб меравад. Зеро муддати ду сол мешавад, ки соҳаи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиши Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ - ИКАО гузашта истодааст. Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю нуфузи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар сатҳи зарурӣ анҷом додани санҷиши ИКАО аз ҳисоби мутахассисони дастгоҳи марказии Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ гуруҳҳои корӣ аз рӯи 8 унсури интиқодӣ (8 критических элементов) таъсис додааст, ки то имрӯз кору фаъолият намуда, то ҳол 183 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуданд.
Аз шумораи 845 адад саволномаи протоколӣ, то охири соли 2025, 265 адад саволҳои муҳим ҳуҷҷатузорӣ гардида, 565 саволҳои протоколӣ, ки иҷроиши амалии онҳо ба корхонаҳои авиатсионӣ тааллуқ доранд, дар моҳи декабри соли 2026 аз санҷиши навбатӣ мегузаранд.
Рӯйдоди муҳими дигари соҳаи авиатсияи кишварамон дар он аст, ки аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ намуд, ки санаи 9 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) баргузор гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати бо шароити хуби корӣ таъмин гардидани кормандони Агентӣ, ки ба ошёнаҳои якум ва дуюми собиқ бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи авиатсияи кишвар якчанд чорабиниҳо ва вохуриҳои судманд баргузор гардиданд, азҷумла, вохӯрӣ бо муовини якуми директори генералии Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои “COMAC” Лян Тсюмин ва роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”, вохӯрӣ бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir , баимзорасонии “Ёддошти тафоҳуми байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ”, баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ зикр гариданд.
Ба корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати баланд ва сифатнок намудани хизматрасонии мусофирон ва бору бағоҷ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва хатсайрҳо аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, азнавсозию мустаҳкам намудани инфрасохтори заминии фурудгоҳҳои байналмилалӣ бо техника ва таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, давом додани корҳо оид ба таҷҳизонидани хадамотҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо таҷҳизотҳои нави муосири аэронавигатсионӣ, радиотехникӣ ва алоқа, пайваста давом додани корҳо оид ба харидории ҳавопаймоҳҳои муосири ғарб ва истифодаи самараи онҳо дар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, бартараф намудан ва давра ба давра кам кардани қарздориҳои дебиторию кредитории корхонаҳои авиатсионӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.