Боиси зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, авиатсияи граждании кишвар рӯз то рӯз рушд ва инкишоф ёфта, ҷуғрофияи парвозҳо зиёд гашта истодааст.
Санаи 24 сентябри соли равон ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” як ҳавопаймои навъи L-410-ро ба парки ҳавопаймоҳои худ ворид намуд.
Ин рӯйдоди муҳимро натиҷаи дастовардҳои 35-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар фазои идона истиқбол гирифта, боз як қадами нав дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар мебошад.
Ин ҳавопаймои нав ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳои сайёҳӣ парвозҳоро анҷом дода, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва осон гардонидани парвозҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат хоҳад намуд.