Вохӯриҳои судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ меафзоянд
Санаи 13 октябри соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Назарзода Ҳабибулло Темур бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Элза Пинёл баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкати истеҳсолкунандаи киштиҳои ҳавоии “Airbus” ва ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Фаронса ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки пас аз қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати Осмони кушод”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба ҳама намуди хизматрасониҳо тахфиф ба роҳ мондааст ва Агентии авиатсияи гражданӣ омодааст, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронсавӣ ба воситаи 4 фурудгоҳи кишвар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” ҳамкорӣ намояд.
Мусаллам аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.
Аксҳо аз ҷараёни баргузорӣ.