Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамояд, ки дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон карда мешавад:
1. Ба вазифаи нозири муоинаи шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионӣ. Талаботи тахассусӣ:
- синну сол – то 40 сола;
- таҳсилоти олӣ;
- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои мардҳо ҳатмӣ);
- собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ;
- ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ;
- ахлоқи неку писандида;
- донистани забонҳои хориҷӣ (афзалиятнок).
2. Ба вазифаи нозири бехатарии шуъбаи амнияти дохила ва муоинаи Хадамоти амнияти авиатсионӣ. Талаботи тахассусӣ:
- синну сол – то 40 сола;
- таҳсилоти олӣ;
- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои мардҳо ҳатмӣ);
- собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ;
- ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ;
- ахлоқи неку писандида;
- донистани забонҳои хориҷӣ (афзалиятнок).
3. Ба вазифаи корманди Дастаи муҳофизат ва назорати Хадамоти амнияти авиатсионӣ. Талаботи тахассусӣ:
- синну сол – то 40 сола;
- таҳсилоти олӣ, миёна ё миёнаи касбӣ-техникӣ;
- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳатмӣ);
- малакаи муомила бо силоҳи оташфишон;
- собиқаи кор дар мақомоти қудратӣ;
- таҷрибаи кор дар корхонаи реҷавӣ;
- ҳолати хуби равонию ҷисмонӣ;
- ахлоқи неку писандида;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ.
Боиси зикр аст, ки мавриди интихоби довталабон ба занҳо афзалият дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд хуҷҷатҳои худро тавассути почтаи электронии Sab@airport.tj ба Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ то 31 июли соли 2025 пешниҳод намоянд.