Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарӯрӣ андешида, аз 1 июли соли 2025 парвозҳои мусофиркашонии мустақим дар самти Қошғар – Хуҷанд - Қошғар аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “CNENGDU Airlines” оғоз гардида, парвозҳо ҳафтае як маротиба амалӣ карда мешаванд.