Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои охир Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рақобатпазир намудани ин соҳа корҳои назаррасеро амалӣ намуда истодааст, ки ин пешравиҳо маҳз бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро мегарданд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ва пешбарандаи соҳаи мазкур ин таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ мебошад, ки бо ин мақсад санаи 2 июни соли ҷорӣ дар толори Агентӣ тибқи талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2019, № 582, ҷаласаи “Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ” бо иштироки Раиси комиссия Усмоналӣ Юнусалӣ ва муовини якуми Раиси комиссия Назарзода Ҳабибулло, роҳбарони аввали корхонаҳои авиатсионӣ, муовинони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои асосии пешбаранди соҳа, махсусан таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои кишвар, омодагии босифат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани аудити Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Боиси зикр аст, ки ҷаласаҳои комиссияи мазкур дар як сол ду маротиба баргузор мегардад.