ВОХУРИИ КОРМАНДОНИ АМИТ БО ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва супориши бевоситаи президенти АМИТ, академик Қ.Х. Хушвахтзода санаи 24.09.2026 дар толори Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар н. И. Сомонии ш. Душанбе…
Тибқи нақша-чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва супориши бевоситаи президенти АМИТ, академик Қ.Х. Хушвахтзода санаи 24.09.2026 дар толори Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар н. И. Сомонии ш. Душанбе вохӯрии судманд бо хонандагони синфҳои болоӣ (7-11) зиёда аз 100–нафар баргузор гардид.
Дар чорабинии илмӣ-оммавӣ ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои биология - доктори илмҳои биологӣ, профессор Мирзораҳимзода Акобир Карим, мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - доктори илмҳои иқтисодӣ Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин, сармутахассиси шуъбаи мазкур Давлатова С. ва роҳбарияти литсей иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии илмӣ мудири Литсейи мазкур Ниязова Лола Нозилевна ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ ва меҳмонон шунос намуданд.
Сипас, сухани навбатӣ ба ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода А.К. дода шуд. Мавзуи баромад оид ба самтҳои фаъолияти илмии АМИТ, ки ин тадбирҳо тавассути мизҳои мудаввар, суҳбатҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ дар амал татбиқ, шунида шуд.
Сипас, баромади мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ М.И. Садриддинзода бобати фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ва бедор намудани завқи хонандагон ба соҳаи калидӣ, яъне илм бахшида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба роҳбарият ва ба як қатор аъзоёни Академияи хурд Ифтихорнома ва дипломҳои дараҷаҳои гуногун (дараҷаи 3, 2 ва 1) тақдим гардид.