18–19 сентябри соли 2026 ҷиҳати татбиқи барномаи «Зан-Сарвар» гурӯҳи таблиғотии Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби бонувони масъули Академия ба шаҳри Панҷакент сафар намуд. Мақсади асосии ин сафар баргузории вохӯриҳо бо занону духтарони шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» буд, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар доираи сафар дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо иштироки занону бонувони муассиса вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Маҳмадҷонова суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсиси давлати навини тоҷикон ва рушди минбаъдаи он барҷаста ва нотакрор арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки пешравӣ ва шукуфоии рӯзафзуни Ватани маҳбуби мо маҳз дар заминаи сиёсати дурбинона ва созандаи Пешвои миллат ба даст омада, татбиқи пайгирона ва иродатмандонаи ҳадафҳои муайянгардида, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешбурди ҳаёти кишвар бар пояи мафкураи ягонаи ватансозӣ пайванди ногусастанӣ доранд.
Ҳамзамон, зимни суханронӣ оид ба пешравиҳо ва дастовардҳои илми тоҷик, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳқиқу пажуҳиш аз ҷониби Пешвои миллат ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар беш аз 54 озмоишгоҳу лабораторияҳои навтаъсиси АМИТ таҳқиқоти пешрафтаи илмӣ ба роҳ монда шудаанд. Акнун олимони соҳаҳои биология, химия, зилзиласанҷӣ, ботаника, дорусозӣ, амнияти ядроӣ, физика, математика ва дигар самтҳои илмӣ имконият доранд, ки корҳои таҳқиқотӣ ва озмоишҳои худро дар пойгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд ва дигар ба гузаронидани чунин таҳқиқот дар хориҷи кишвар ниёз надоранд. Гузашта аз ин, дар ин пойгоҳҳои муосири академӣ муҳаққиқони дигар муассисаҳои илмӣ низ метавонанд корҳои илмии худро анҷом диҳанд, ки ин дастоварди муҳим дар замони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯз як қатор бонувоне, ки бо квотаҳои президентӣ таҳсилоти олии касбӣ гирифтаанд, рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, ба шоҳроҳи илм ворид шудаанд. Ин дастовардҳо собит месозанд, ки занони тоҷик имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки дар илму маориф низ мавқеи мустаҳкам пайдо кардаанд.
19 сентябри соли 2026 гурӯҳи таблиғотии Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ бо истифода аз пазироии гарму самимии роҳбарият ва аҳли Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли муассиса вохӯрӣ баргузор намуд. Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оид ба ифтихори афзояндаи олимону зиёиён аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва арзи сипоси бепоён ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои сулҳу субот, оромӣ ва муҳити мусоиди таҳсилу зиндагии осоишта дар сарзамини аҷдодии тоҷикон андешаронӣ намуданд.
Раиси Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Маҳмадҷонова зимни суханронӣ марҳалаҳои муҳими марбут ба ҳадафҳои стратегии рушди ҷумҳуриро муаррифӣ намуда, дастовардҳои ҷомеаи кишварро дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ба таври мушаххас баррасӣ кард. Аз ҷумла, оид ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими заминаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зарурати ҳарчи бештар фаро гирифтани ҷавонон ба илму дониш, азхуд намудани техника ва технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бори дигар ба иштирокчиён расонида шуданд. Зимни вохӯрӣ аз ҷавондухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати худ пайваста талош намуда, фаъолияти таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро вусъат бахшанд ва дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фароварди вохӯрӣ миёни аъзои гурӯҳи таблиғотии Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент муколамаи озоду созанда сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки 18 сентябри соли 2026 дар доираи курси омӯзишии «Зан-Сарвар» вохӯрии Шурои занони АМИТ бо занону духтарони шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо иштироки занону бонувони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент аъзои гурӯҳи таблиғотӣ — М. Маҳмадҷонова, Шарифзода С., Азизхонова Р., Адамқулова С., Камолова Ш., Муродова М., Муҳаббати Файзулло, Фазилбекова Г. ва Бобохонова Г. — аз таҷрибаи кории худ дар самти фаъолияти касбиашон суҳбат намуда, нақши Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва афзудани обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму технология ҷавонон бояд ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, бахусус техника ва технологияҳои муосир, инчунин зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои аз худ кардани донишҳои муосир пайваста талош варзанд. Зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи занону духтарон ва ҷавонон дар рушди илму маориф, истифодаи технологияҳои нав ва таҳкими иқтидори илмии кишвар метавонад дар пешрафти илму фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳамин тавр, сафари корӣ ва вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бори дигар исбот намуд, ки занону духтарони мо имрӯз дар рушди илм, маориф, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Шурои занони АМИТ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи барномаи «Зан-Сарвар», дастгирии бонувони илмӣ, ҳавасмандгардонии духтарони ҷавон ба таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмию фарҳангӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар фаъолияти худро идома медиҳад.
Дар асоси таҳлили сафари корӣ ва вохӯриҳои Шурои занони АМИТ дар шаҳри Панҷакент чунин пешниҳо барои рушди самти «Саҳми занон дар рушди илм» манзур карда мешаванд:
- Таъсиси базаи ягонаи маълумот (реестр) аз бонувони олим, номзадҳо, докторҳо ва муҳаққиқони ҷавон дар АМИТ ва муассисаҳои тобеъ.
- Дар ҳама муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ шуроҳои занон таъсис ё фаъол гардонида шаванд.
- Ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва бахши хусусӣ барои татбиқи барномаи «Зан-Сарвар».
- Ташкили курсҳои омӯзишии «Зан-Сарвар» дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби олимони АМИТ.
- Роҳандозии барномаи менторӣ: ҳар як олими бонуи соҳибтаҷриба ба 2–3 духтари ҷавон роҳбарӣ намояд.
- Гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо ва конфронсҳои илмӣ барои духтарон дар самтҳои математика, физика, химия, биология, IT ва зеҳни сунъӣ.
- Таҳкими ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва мактабҳо барои ҷалби духтарон ба илм аз синфҳои болоӣ.
3. Дастгирии молиявӣ ва моддӣ
- Ҷудо намудани грантҳои махсус барои таҳқиқоти илмии бонувон, бахусус дар самтҳои афзалиятнок.
- Муқаррар намудани квотаҳо ва имтиёзҳо барои духтарони деҳот ҳангоми дохилшавӣ ба магистратура, аспирантура ва докторантура.
- Дастгирии нашри мақолаҳо, рисолаҳо ва китобҳо, инчунин тарҷумаи корҳои илмӣ ба забонҳои хориҷӣ.
- Фароҳам овардани шароити мусоид барои тавозуни кору оила: боғчаҳои кӯдакон дар назди муассисаҳои илмӣ, чандирии вақти корӣ, имкони кор аз хона.
- Ташкили хизматрасониҳои равонӣ ва машваратӣ барои бонувони ҷавон дар давраи таҳсил ва таҳқиқот.
- Ҷалби бонувони олим ба грантҳо, стипендияҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ.
- Ташкили табодули таҷриба бо марказҳои илмии хориҷӣ, ширкат дар конференсияҳои байналмилалӣ.
- Ҷалби духтарон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ.
6. Иттилоотӣ ва таблиғотӣ
- Ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи илм» ва мукофотонидани занони олим дар рӯзҳои муҳими миллӣ.
- Нашри маводҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи дастовардҳои занони тоҷик дар илм.
- Омода намудани намунаҳои илҳомбахш аз ҳаёти бонувони олим барои духтарони мактабӣ ва донишҷӯён.
- Муайян намудани нишондиҳандаҳои дақиқ барои арзёбии иштироки занон дар илм (шумораи таҳқиқот, мақолаҳо, грантҳо, роҳбарии рисолаҳо).
- Гузаронидани таҳлили солона ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбарияти АМИТ ва мақомоти дахлдор.
Хулоса, татбиқи ин пешниҳоҳо метавонад ба рушди устувори самти «Саҳми занон дар рушди илм» мусоидат намуда, иштироки занону духтаронро дар таҳқиқоти илмӣ, технологияҳои муосир ва идоракунии илмӣ ба таври назаррас афзоиш диҳад. Шурои занони АМИТ омода аст, ки бо муассисаҳои илмию таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ин равандро пайгирона идома диҳад.
Шарифзода Сураё - Раиси Шурои занони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон