ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АМИТ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ЛЕЙШМАНИОЗ
Аз 21 то 24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Усулҳои муосири ташхиси дифференсиалӣ ва парвариши Leishmania in vitro» баргузор мегардад. Дар чорабинӣ олимону мутахассисони…
Аз 21 то 24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Усулҳои муосири ташхиси дифференсиалӣ ва парвариши Leishmania in vitro» баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ олимону мутахассисони соҳа аз кишварҳои гуногун иштирок намуда, масъалаҳои мубрами эпидемиология, пешгирӣ, ташхис ва табобати лейшманиоз, инчунин усулҳои муосири ташхиси серологӣ ва молекулавӣ, парвариши Leishmania spp. дар шароити in vitro ва мониторинги эпидемиологии беморӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби илмии бахши илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Шарифзода Солеҳ Фаридун ва корманди бахш, н.и.т. Мирзоева Ф.Д. намояндагӣ менамоянд.
Семинар бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии микробиология, вирусология, бемориҳои сироятӣ ва паразитологии ба номи Л.М. Исаев дар ҳамкорӣ бо OIC-COMSTECH ва Шабакаи глобалии бемориҳои тропикии фаромӯшшуда (NTD Global Network) баргузор мегардад.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои такмили дониш ва малакаҳои касбӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои муосири илмӣ, табодули таҷриба бо олимони хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, он барои рушди ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштараки илмӣ дар самти омӯзишу пешгирии бемориҳои сироятӣ аҳамияти муҳим дорад.