Имрӯз, 22 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки муҳаққиқону форсизабонон баргузор гардид. Ба кори…
Имрӯз, 22 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки муҳаққиқону форсизабонон баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин ҳамоиши илмиро барои гиромидошти мақоми устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таҳкими омӯзишу пажӯҳиши мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии ӯ муҳим арзёбӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ нақши бузург дошта, осори гаронбаҳои ӯ дар тӯли садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд.
Таъкид гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқон ба ҳисоб рафта, муаррифии осори шоири бузург дар арсаи байналмилалӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва шинохти ҷойгоҳи воқеии адабиёти тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хосса дорад.