eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
#Ҳадаф. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН – «ПАЙВАНД
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
#Ҳадаф. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН – «ПАЙВАНД
21 сентября 2026
#Ҳадаф. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН – «ПАЙВАНД
Имрӯз, 21 сентябр дар толори Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 21 сентябр дар толори Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» баён гардиданд, машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» 7 сентябри соли 2026 дар Кохи Ваҳдат ироа гардиданд, зарур аст, ки нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва барои татбиқи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки воқеан ҳам дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ – Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» барои таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус вобаста ба рушди илм, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҳифзу эҳёи мероси илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи осори ниёгон, муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар рушди илм бояд ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳо ба роҳ монда шаванд.
Дар идомаи машварат масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо, муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои илмии кишварҳои форсизабон ва ҷалби олимону муҳаққиқони тоҷик ва форсизабони ҷаҳон ба корҳои муштараки илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъулини сохторҳои дахлдори Академияи миллии илмҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас андешида, пешниҳодҳои заруриро таҳия ва барои татбиқи минбаъдаи онҳо чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар фарҷоми машварат таъкид гардид, ки иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дошта, тамоми имкониятҳои илмӣ ва зеҳнии муассисаҳои илмӣ барои татбиқи онҳо сафарбар карда шаванд.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан