Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 115 – солагии Сотим Улуғзода – нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Сотим Улуғзода ва тасвиру инъикоси арзишҳои бадеию таърихӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки барои тоҷикон ифодаи «нависандаи миллӣ» маънии амиқ ва ҷаззоб дорад. Мисли мусиқии дилангези забони модарӣ, ки дар кишвари бегона мешунавию зодгоҳат – Ватан ёдат меояд. Ин мафҳум ёдовари ҳар чизи хубест, ки мутааллиқ ба мо ва миллати мост, ки дар хӯю хислати мардуми мо нуҳуфтааст.