Имрӯз, 16 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайкалтарош, рассом, хаттот ва шоири тоҷиктабор аз Олмон Бараҳна Маъсум баргузор гардид. Дар…
Имрӯз, 16 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайкалтарош, рассом, хаттот ва шоири тоҷиктабор аз Олмон Бараҳна Маъсум баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо тоҷикони бурунмарзӣ, муаррифии дастовардҳои илму фарҳанги тоҷикон ва таҳкими пайванди наслҳои имрӯз бо мероси пурғановати ниёгон аҳамияти муҳим дорад.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» баргузор гардид. Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои муаррифии таъриху фарҳанги бостонӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими робитаҳои тоҷикони ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идомаи суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳифзу эҳёи мероси фарҳангӣ, рушди санъати миллӣ ва нақши аҳли эҷод дар муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.