Имрӯз, 15 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси намояндагони мардумии…
Имрӯз, 15 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси намояндагони мардумии Чин, академики Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Син Гуанчен баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ, густариши робитаҳои академӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бар пояи эътимоди мутақобила, эҳтиром, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ пайваста рушд ёфта, имрӯз ба сатҳи ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Муносибатҳои неку созанда барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Қайд гардид, ки дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин сафарҳои давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин сафарҳои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон нақши муҳим доранд.