Имрӯз, 11 сентябр дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аввалин Бонки генетикии растаниҳо таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки таъсиси Бонки генетикии растаниҳо дар заминаи дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва мутобиқи Стратегия ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ амалӣ гардид.
Қайд гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаи мусоиди илмӣ ва техникии нигоҳдории захираҳои генетикии растаниҳо бинои воқеъ дар қитъаи илмӣ-таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъмир ва пурра барқарор карда шуд. Дар ин замина, бо қарори Шурои олимони Институт Бонки генетикии растаниҳо таъсис дода шуд, ки иқдоми мазкур дар самти таҳкими заминаи илмию техникии Институт ва ҳифзу нигоҳдории захираҳои биологии кишвар қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки мақсади асосии таъсиси Бонки генетикии растаниҳо ҳифзи дарозмуддати тухмиҳои растаниҳои арзишманд, нодир ва маҳаллӣ, инчунин нигоҳдории гуногунии генетикии дохилинамудӣ ва хешовандони ёбоии растаниҳо, аз ҷумла намудҳои эндемикии Тоҷикистон, мебошад. Бо таъсиси ин захирагоҳи махсус олимон имкон пайдо мекунанд, ки тухмиҳои растаниҳои маҳаллӣ ва минтақабобшуда, инчунин намудҳои нодиру камёфти растаниҳои ёбоии Тоҷикистонро ҷамъоварӣ, захира ва барои муддати дароз нигоҳдорӣ намуда, онҳоро аз маҳвшавӣ эмин доранд.
Гуфта шуд, ки Бонки генетикии растаниҳо ҳамзамон ҳамчун заминаи муҳими илмӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хизмат намуда, ба олимон имконият фароҳам меорад, ки захираҳои генетикии ҷамъоваришударо дар самти омӯзиши гуногунии биологӣ, таҳқиқи хусусиятҳои ирсӣ, нигоҳдории намудҳои нодир ва ба даст овардани навъу намунаҳои ояндадори растаниҳо васеъ истифода баранд.
Дар Бонки генетикии растаниҳо имконияти нигоҳдории тухмиҳои зиёда аз 1000 номгӯйи маводи коллексионӣ дар яхдонҳо дар ҳарорати аз 0 то +3°С ва инчунин нигоҳдории зиёда аз 5000 номгӯйи тухмиҳои растаниҳои гуногун дар қуттиҳои махсуси оҳанин дар шароити ҳарорати нисбатан паст пешбинӣ гардидааст. Ин имконият барои нигоҳдории дарозмуддати захираҳои генетикии растаниҳо ва пешгирии аз байн рафтани намунаҳои нодир аҳамияти махсус дорад.
Дар баробари ин, дар Бонки генетикии растаниҳо пойгоҳи махсуси илмӣ ташкил карда шудааст, ки дар он маълумоти марбут ба ҳар як навъ ва намунаи воридшуда ба қайд гирифта мешавад. Ба ҳар як намуна рамзи махсуси генетикӣ (ID) дода шуда, низоми мазкур имконият медиҳад, ки захираҳои генетикии ҷамъоваришуда ба таври муназзам нигоҳдорӣ, муайянсозӣ ва дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.
Таъсис ва ба истифода додани аввалин Бонки генетикии растаниҳо дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин иқдоми муҳим инчунин барои ҳифзи намудҳои нодиру камёфти флораи Тоҷикистон, афзоиш додани захираи маводи генетикӣ, ба даст овардани навъу намунаҳои ояндадори растаниҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар корҳои селексионӣ ва илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Бонки генетикии растаниҳо ҳамчун як сохтори муҳими илмӣ дар самти ҳифзи захираҳои генетикӣ метавонад дар оянда ба яке аз заминаҳои асосии рушди таҳқиқоти муосири ботаника, генетика ва физиологияи растаниҳо табдил ёфта, дар таъмини ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим гузорад.