eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОНАИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОНАИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
3 сентября 2026
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОНАИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 3 сентябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 3 сентябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар тантанаҳои идонаи бошандагони Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии омоданамудаи кормандон ва бошандагони муассиса дидан намуда, онҳоро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ ва давлатӣ самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки ғамхорӣ ба пиронсолон, маъюбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад. Дар ин замина, давлат ва Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ, нигоҳубин ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии пиронсолону маъюбон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Баъдан, барои бошандагони Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент дастархони пурнозу неъмати идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо ва маводи зарурӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва арҷгузорӣ ба мақоми пиронсолон ҳамчун захираи гаронбаҳои таҷриба ва хиради зиндагӣ мебошад.