eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Кормандони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
Кормандони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
30 августа 2026
Кормандони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» баргузор намуд.
Озмун бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии захираҳои оби, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбасти озмун, ки имрӯз баргузор шуд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирок намуда, ба иштирокчиён ва ғолибони озмун барои фаъолияти эҷодӣ ва саҳми онҳо дар ин самт барору комёбиҳои бештар орзу намуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин мақола» кормандони Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Қадрдонии кормандони Институт саҳми онҳоро дар фаъолияти илмӣ, иттилоотию маърифатӣ ва тарғиби масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обии кишвар бозгӯ менамояд.