Имрӯз, 26 август дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар арафаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо аҳамияти хосса дорад.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, балки заминаи устувори ташаккул ва таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла низоми идоракунии захираҳои табиӣ, рушди илм ва технология, инчунин таҳкими иқтидори миллӣ дар самти пешгирии хатарҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Қайд гардид, ки таъсири тағйирёбии иқлим дигар танҳо мавзӯи пешгӯиҳои илмӣ барои оянда нест, балки ба воқеияти ҳаррӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо суръати обшавии пиряхҳо дар минтақаи мо, тибқи арзёбиҳои мавҷуда, қариб се маротиба аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд мебошад. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба амнияти обӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишварҳои минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон тайи сад соли охир қариб 30 фоизи пиряхҳо аз байн рафтаанд. Пиряхи Тоҷикистон, ки қаблан ҳамчун пиряхи Федченко маъруф буд ва яке аз калонтарин пиряхҳои континенталии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар давоми 70–80 соли охир зиёда аз як километр ақибнишинӣ намуда, тақрибан 44 километри мураббаъ масоҳати худро аз даст додааст.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ ва яке аз кишварҳои осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфераро дар маркази сиёсати экологӣ ва иқлимии худ қарор додааст. Бо ташаббусҳои созанда ва пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз сатҳи миллӣ ба рӯзномаи байналмилалӣ бароварда шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамкории муштарак ҷиҳати омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи захираҳои яхӣ ҷалб гардидааст.
Зикр гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намудаанд. Қабули қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера», шаҳодати равшани аҳамияти масъалаҳои марбут ба пиряхҳо ва криосфера дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ориф ба сухан баромада, доир ба аҳамияти ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти экологӣ ва иқлимӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Таъкид шуд, ки масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба яке аз мушкилоти муҳими экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши равандҳои тағйирёбии криосфера ва пешгӯии таъсири онҳо ба захираҳои обӣ тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт боз ҳам густариш ёбанд.
Инчунин, Раҳмонзода Рамазон Зикирулло директори Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар суханрониҳои хеш оид ба вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон, аҳамияти таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши криосфера ва нақши илм дар ҳифзи захираҳои обии кишвар андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим омӯзиш ва мониторинги пайвастаи ҳолати пиряхҳо, муайян намудани суръати коҳиши онҳо ва арзёбии таъсири ин раванд ба захираҳои обӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими илмию амалӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро ба таҳлили равандҳои табиӣ, мониторинги пиряхҳо ва таҳияи роҳҳои самараноки ҳифзи онҳо равона намудааст.