eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
«ШОҲНОМА» - И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ БУНМОЯИ ҲУВИЯТИ ОРИЁӢ
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
«ШОҲНОМА» - И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ БУНМОЯИ ҲУВИЯТИ ОРИЁӢ
24 августа 2026
«ШОҲНОМА» - И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ БУНМОЯИ ҲУВИЯТИ ОРИЁӢ
Имрӯз, 24 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва гиромидошти академик Муҳаммад Осимӣ рӯнамоии таҳқиқоти илмии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Шоҳнома»-и Абулқосим…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 24 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва гиромидошти академик Муҳаммад Осимӣ рӯнамоии таҳқиқоти илмии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ — бунмояи ҳувияти ориёӣ» баргузор гардид.
Ба кори чорабинӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин осори адабию таърихии миллати тоҷик ва сарчашмаи муҳимми шинохти таъриху фарҳанг, забон ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки ин асари безавол дар тӯли садсолаҳо ҳамчун ойинаи таъриху фарҳанги мардумони ориёитабор хизмат карда, дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ нақши муассир гузоштааст.
Қайд гардид, ки омӯзишу таҳқиқи илмии «Шоҳнома» дар шароити имрӯза аҳаммияти хосса дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки осори Абулқосим Фирдавсӣ ва мероси илмии академик Муҳаммад Осимӣ барои омӯзиши таърихи тамаддуни ориёӣ ва шинохти ҷойгоҳи тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзиши бузурги илмӣ ва маънавӣ доранд.
Дар идома профессор Аскаралӣ Раҷабов, академик Кароматулло Олимов ва дигар донишмандону муҳаққиқон суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти таърихию фарҳангӣ ва арзиши илмии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун яке аз шоҳкориҳои бузурги адабиёти ҷаҳонӣ дар ҳифзи забон, фарҳанг, таърихи миллӣ ва арзишҳои маънавии мардумони ориёитабор нақши калидӣ дошта, барои таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аҳаммияти хосса дорад.
Донишмандон инчунин оид ба саҳми академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу таҳқиқи таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, бахусус тамаддуни ориёӣ, андешаҳои худро баён намуда, хизматҳои арзандаи ӯро дар рушди илми тоҷик ва тарбияи насли донишманд ёдовар шуданд.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан