Имрӯз, 14 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо директори Парки миллии илмӣ-технологии Донишгоҳи миллии Сиан Ҷиаотунги Ҷумҳурии Мардумии Чин…
Имрӯз, 14 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо директори Парки миллии илмӣ-технологии Донишгоҳи миллии Сиан Ҷиаотунги Ҷумҳурии Мардумии Чин Ние Чуншен баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, рушди робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-технологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб рафта, табодули таҷриба, дониш ва технология метавонад барои рушди иқтидори илмӣ-инноватсионии ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷонибҳо доир ба фаъолияти паркҳои илмӣ-технологӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, рушди стартапҳо, таҳкими ҳамкории донишгоҳҳо бо корхонаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.