Имрӯз, 14 август тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо коршиноси Ташаббуси…
Имрӯз, 14 август тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо коршиноси Ташаббуси рушди ИНТОСАЙ (IDI) Бенҷамин Фуентес Кастро баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташаббуси рушди ИНТОСАЙ (IDI), инчунин татбиқи барномаи Ташаббуси рушди ИНТОСАЙ барои солҳои 2026–2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба самтҳои асосии татбиқи барнома, рушди иқтидори касбӣ ва институтсионалӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми аудити давлатӣ, таҳкими механизмҳои шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар идоракунии молияи давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва тақвияти равандҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ мутобиқ намудани таҷрибаи миллӣ ба стандартҳо ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташаббуси рушди ИНТОСАЙ метавонад барои такмили минбаъдаи низоми аудити давлатӣ, таҳкими иқтидори сохторҳои дахлдор ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.