Имрӯз, 1 август дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва таҳлилӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур идомаи сиёсати созандаву илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ арзёбӣ гардид.
Зимни ифтитоҳ таъкид карда шуд, ки таъсиси чунин озмоишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, рушди илмҳои табиатшиносӣ, таҳкими иқтидори илмии мамлакат ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди илмӣ, таҷдиди пойгоҳи моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
Иброз гардид, ки Озмоишгоҳи радиоэкология ва муҳити зист бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ташхисӣ, таҳлилӣ ва ченкунӣ таъмин буда, имконият фароҳам меорад, ки сатҳи радиатсионӣ, вазъи экологӣ ва сифати объектҳои муҳити зист бо дақиқии баланд муайян карда шавад. Дар озмоишгоҳ таҳқиқи намунаҳои об, хок, ҳаво, наботот, маводи ғизоӣ ва дигар объектҳои табиӣ бо истифода аз усулҳои пешрафтаи илмӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои бадастомада барои арзёбии вазъи экологӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ истифода хоҳанд гардид.