eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
#АМИТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
#АМИТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
22 июля 2026
#АМИТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
Имрӯз, 20 июл дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 20 июл дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои вобаста ба раванди корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инфрасохтори илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста таҳким ёфта, барои фаъолияти самараноки олимону муҳаққиқон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар ин замина, дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои наву замонавӣ таъсис дода шуда, онҳо бо таҷҳизот, асбобу технологияҳои муосир ва дигар воситаҳои зарурии илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур барои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таҳлил ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои бонуфузи дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷи
кистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, риояи талаботи сифати корҳои иҷрошаванда, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ба истифода додани иншоотҳои нав дар муҳлатҳои муайяншуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори илмӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи иқтидори илмӣ-таҳқиқотии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар охир масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои ободониву созандагиро дар ҳудуди муассисаҳои илмӣ бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари фаъолияти олимону муҳаққиқон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.