Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби нави илмӣ-луғатшиносӣ таҳти унвони «Фарҳанги забони туркӣ-тоҷикӣ» дар ду ҷилд ба нашр омода гардид. Ин асари арзишманд аз ҷониби дипломати тоҷик, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Қурбонзода Субҳон Маҳмадраҳим таҳия шуда, яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар самти рушди ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва забонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба шумор меравад.
Фарҳанги мазкур бо дарназардошти ниёзҳои илмию таълимии доираи васеи донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон, тарҷумонҳо, кормандони дипломатӣ, сайёҳон ва ҳамаи дӯстдорони забони туркӣ таҳия гардидааст. Дар он зиёда аз 24 ҳазор калима ва ибораҳои серистеъмоли забони муосири туркӣ ҷамъоварӣ шуда, бо муодилҳои дақиқ ва саҳеҳи тоҷикӣ пешниҳод мегарданд.
Ҳадафи асосии фарҳанг фароҳам овардани воситаи коршоями забонӣ барои омӯзиш, дарки амиқи маънои вожаҳо, талаффузи дурусти онҳо ва истифодаи амалии забони туркӣ мебошад. Бо мақсади фаҳмонидани ҳамаҷонибаи маъно ва мавриди истифодаи вожаҳо, дар фарҳанг аз ибораҳо ва ҷумлаҳои тавзеҳдиҳанда истифода шудааст, ки ба равшанӣ ва саҳеҳии фаҳми маънӣ мусоидат мекунанд.
Муаллиф ҳангоми таҳияи фарҳанг аз таҳлили маводи мавҷудаи лексикографӣ ва усулҳои муосири луғатнигорӣ истифода намуда, ба басомади истифода ва аҳаммияти вожаҳо дар забони гуфтугӯӣ ва адабии муосири туркӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст. Тарҷумаи тоҷикии вожаҳо бо риояи дақиқии маъно ва хусусиятҳои услубии забони асл анҷом дода шудааст.
Дар шароити кунунӣ, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ пайваста рушд мекунанд, нашри чунин фарҳанг аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин асар метавонад ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва таълимӣ барои омӯзиши забони туркӣ ва таҳкими муколамаи фарҳангӣ миёни ду кишвар хизмат намояд.
Муаллифи фарҳанг Қурбонзода Субҳон Маҳмадраҳим 20 октябри соли 1979 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Ҷопон, Туркия, Афғонистон ва Федератсияи Россия фаъолият намудааст. Айни замон ба ҳайси котиби якуми Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Қурбонзода Субҳон муаллифи як қатор китобҳо ва асарҳои илмӣ буда, аз ҷумла китобҳои «Хазинаи маърифат», «Роҳ ба сӯи муваффақият», «Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ (англисӣ-тоҷикӣ)», «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ» ва дигар асарҳои илмиву маърифатиро ба табъ расонидааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди илм, фарҳанг ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо як қатор мукофотҳо ва ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарфароз гардидааст.
Бовар аст, ки «Фарҳанги забони туркӣ-тоҷикӣ» ҳамчун дастури муътамади илмӣ ва таълимӣ ба густариши омӯзиши забони туркӣ дар Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва тақвияти ҳамдигарфаҳмии байни мардумони Тоҷикистону Туркия саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Показать меньше