eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Вохурӣ. ТАТБИҚИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
Вохурӣ. ТАТБИҚИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
6 июля 2026
Вохурӣ. ТАТБИҚИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА
Имрӯз, 3 июл дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 2025 ва 30 июни соли…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 3 июл дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 2025 ва 30 июни соли 2026 ҷиҳати рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи панелҳои офтобӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва тақвияти фарҳанги истифодаи сарфак
оронаи энергия баён гардида буданд, бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор вохурӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки имрӯз бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, рушди инфрасохтори соҳа, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар меҳвари сиёсати энергетикии давлат қарор доранд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги истеҳсоли энергияи «сабз» буда, истифодаи васеи неруи офтоб, об ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар самти рушди «иқтисоди сабз» аҳаммияти калидӣ дорад.
Қайд гардид, ки дар самти татбиқи панелҳои офтобӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқароршаванда олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои омӯзиши имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳияи технологияҳои муосир, такмили самаранокии системаҳои офтобӣ ва м
утобиқсозии онҳо ба шароити иқлими кишвар вусъат бахшида, барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот саҳми арзанда мегузоранд.
Гуфта шуд, ки пайванди илму истеҳсолот, истифодаи дастовардҳои навини илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ аз омилҳои муҳими рушди устувори соҳаи энергетика ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди «энергияи сабз» ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи вохурӣ иштирокчиён доир ба имкониятҳои густариши истифодаи панелҳои офтобӣ, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергияи барқароршаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва аҳаммияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар рушди соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.