МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО МУАССИС ВА ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ШИРКАТИ «NONGFU PUZI DEVELOPMENT GROUP» ПРОФЕССОР ЮАН ДАОХУН
Имрӯз, 30 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муассис ва Директори генералии ширкати «Nongfu Puzi Development Group», профессор Юан Даохун…
Имрӯз, 30 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муассис ва Директори генералии ширкати «Nongfu Puzi Development Group», профессор Юан Даохун баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, табодули таҷриба, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ магистрантон барои таҳсил аз рӯйи барномаи муштарак ба Донишгоҳи нақлиёти Сиан ҷалб мегарданд. Тибқи ин барнома, донишҷӯён як соли таҳсилро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як соли дигарро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома хоҳанд дод.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки ҳамасола шумораи зиёди олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мубодилаи таҷрибаро ба роҳ мемонанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои зеҳни сунъӣ, биотехнология ва дигар самтҳои афзалиятноки илм низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, бахусус дар самти татбиқ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, ба олимону мутахассисони Тоҷикистон интиқол дода шуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва таҳияи созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои илму технология, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки татбиқи тавофуқҳои бадастомада ба рушди робитаҳои илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.