eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
22 июня 2026
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
5 октября 2026
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ИСТИЛОҲШИНОСИИ МУОСИР
5 октября 2026
ANOTHER ACHIEVEMENT BY TAJIK SCIENTISTS: PUBLICATION OF A RESEARCH ARTICLE ON LANDSLIDE-DAMMED LAKES IN THE MURGHAB RIVER BASIN, PAMIR, IN THE INTERNATIONAL JOURNAL PHYSICS AND CHEMISTRY OF THE EARTH
5 октября 2026
ОЧЕРЕДНОЕ ДОСТИЖЕНИЕ ТАДЖИКСКИХ УЧЁНЫХ: ПУБЛИКАЦИЯ НАУЧНОЙ СТАТЬИ ПО ОЦЕНКЕ ЗАПРУДНЫХ ОЗЁР БАССЕЙНА РЕКИ МУРГАБ В ПАМИРЕ В МЕЖДУНАРОДНОМ ЖУРНАЛЕ PHYSICS AND CHEMISTRY OF THE EARTH
5 октября 2026
ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ ТОҶИК: НАШРИ МАҚОЛАИ ИЛМӢ ОИД БА АРЗЁБИИ КӮЛҲОИ САРБАНДИИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ МАРҒОБ ДАР ПОМИР ДАР МАҶАЛЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PHYSICS AND CHEMISTRY OF THE EARTH
5 октября 2026
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПИРЯХИ ЗАРАФШОН
5 октября 2026
ЗАБОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ
4 октября 2026
АБАРМАРДЕ АЗ ОЛАМИ СИЁСАТ: МАВЛУД МУБОРАК БОШАД, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
Имрӯз, 20 июн дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии Ваҳдати миллӣ Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 20 июн дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии Ваҳдати миллӣ Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба кори конфронс директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, барои таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис
тон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, маҳз ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувор ноил гардид. Зикр шуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадам гузошта, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас мушарраф гардидааст.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳофарӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушду пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам омад.
Зикр гардид, ки омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи нодири сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошта, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Инчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмини суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа барои баланд бардоштани мақому манзалати занон, таҳкими пояҳои оиладорӣ ва иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз занону духтарони тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар суханронии хеш иброз дошт, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Гуфта шуд, ки маҳз фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, то дар пойтахт садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ бунёду азнавсозӣ гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон мунтазам беҳтар шавад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, тарғиби арзишҳои ваҳдатофарин миёни ҷавонон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва заминаи асосии рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб ёфта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Иброз гардид, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ аҳамияти хосса касб менамояд.
Ҳамзамон, дар идомаи конфронс як зумра аз устодону олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва собиқадорони соҳа маърӯза намуда, доир ба нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми конфронс Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид. Зимни чорабинӣ ғолибони озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бозтоби хизматҳои таърихии Пешвои миллат бо диплом, сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.