eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
1 июня 2026
АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 29 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 29 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони содиқи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум Шириншо Шоҳтемур ва инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ба Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷонибдорӣ аз ин ташаббуси таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз миллати тоҷик хушбахт аст, ки соҳиби воқеӣ, яъне сарваре дорад, ки аз моликияти таърихӣ ва ҳақу ҳуқуқаш ба таври шоиста дифоъ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои пуршебу фарози ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ ба ҳайси соҳиби миллати Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Рудакиву Мавлоно ва Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур баромад намуда, аз тамоми арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии миллат ҳифз намуда, арҷгузор ба корномаи чеҳраҳои мондагори тоҷикон мебошад.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳо ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба арсаи сиёсат ворид шудан то имрӯз бо маром ва ба таври шоиста идома дорад. Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар хусуси овардани хоки мазори се чеҳраи мондагори ибтидои асри ХХ – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад, ки дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон нақши хосса гузоштаанд, гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Қаҳрамонон аст. Ба қавле ранҷу заҳмат ва талошу ҷонисориҳои қаҳрамонро қаҳрамон медонад. Васлгари таърихи миллат ва пайвандгари тамоми арзишҳои миллӣ аз истиқлол сар карда то ваҳдату фарҳанг ва тамаддун қаҳрамонон мебошанд.
Зикр гардид, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар давраи бисёр ҳасос, марҳалае, ки мавқеъгирӣ хеле мураккаб ва номуайян буд, барои ҳақу ҳуқуқи миллати тоҷик талош намуданд. Замоне буд, ки муайян кардани мақом дар ҷомеа паёмадҳои норӯшане дошт, яъне аз як ҷониб тарафдорони низоми собиқа ва аз ҷониби дигар низоми нав, ки ҳадафи дар тамоми самт татбиқ намудани ислоҳотро дошт. Ҳатто дар раванди ислоҳот инқилоби фарҳангӣ (мафкуравӣ) пеш гирифта шуд, ки ҳадаф сирф ба вуҷуд овардани мафкураи сотсиалистӣ буд.
Бояд ёдовар шуд, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ашхосе буданд, ки раванди таҳаввулоти сиёсию ҷамъиятиро бо чашми сар дида, онро ҳамаҷониба дарк намуда буданд. Ин чеҳраҳои мондагори миллат шоҳиди се инқилоб ва як марҳалаи бузурги гузариши таърихӣ ба шумор мерафтанд. Маҳз дарки равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ин шахсиятҳо ва дигар ҳамсафони онҳоро водор намуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон аз ҷони хеш гузаранд. Замоне талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ шуруъ карданд, ки сухан дар боби тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкили давлатҳои миллӣ дар ҳудуди таърихии тоҷикон мерафт. Душманони миллат ҳеҷ хостори амалӣ шудани ормонҳои ин шахсиятҳои ҷонсупурда набуданд, балки бо ҳар роҳ талош меварзиданд, ки аҳдофи неки онҳо амалӣ нашавад.
Новобаста аз ташаккул ва фаъол гардидани ғояҳои зиддитоҷикӣ ба ин абармардони миллат муяссар шуд, ки барои ташкили давлати миллӣ, яъне субъети сиёсии бо номи Тоҷикистон муваффақ шаванд. Маҳз талоши се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Садриддин Айнӣ сабаб шуд, ки бори нахуст бо номи тоҷик давлате ба унвони Тоҷикистон дар харитаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон пайдо шавад. Маҳз талошу заҳматҳои онҳо сабаб шуд, ки ҳувияти миллии тоҷикон ташаккул ёбад. Омӯзиши кору пайкори ин абармардҳо гувоҳи он аст, ки дар саргаҳи ҳувияти миллии тоҷикон дар чунин марҳалаи бисёр ҳассос ва тақдирсоз маҳз онҳо қарор доштанд.
Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фаъолияти фидокоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар шаҳри Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнатқарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид».
Ҷонисориҳо ва фидокриҳои ин чеҳраҳои мондагори миллат дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қардрдонӣ шудаистодааст. Ташаббуси навбатии Сарвари давлат дар масири рушди давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳувият ва худшиносии миллӣ аҳамияти махсус дорад. Бо ин арҷгузорӣ собит шуд, ки Ватан ҳаргиз ҷонисориҳо ва фидокориҳои фарзандони асил ва фарзонаи хешро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад ва ба онҳо ҳамнавост. Насли имрӯзи миллат пай бурд, ки ягона заҳмате, ки қадру манзалаташ гум намешавад, хидмати фидокорона ба миллату давлат ва меҳани азиз аст. Ин ташаббус дар бедории миллӣ ва зиракии сиёсии наслҳои наврас ва ҷавони кишвар баҳри хидмати шоиста намудан ба Ватан мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи ҷасорат ва ҷавонмардию аз худ гузаштанҳо баҳри манфиатҳои миллӣ ба камол мерасонад. Ормони Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур табдил додани Тоҷикистон ба як давлати рушднамуда ва баланд бардоштани сатҳи зидандагӣ ва некуаҳволии миллати тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ буд, ки имрӯз ин ҳама аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Бо талошу заҳматҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон миллати тоҷик соҳибдавлату соҳибэҳтиром гардида, имрӯз ҳамчун ҷониби ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Дар ин замина, изҳори сипос ва сари таъзим фуруд овардани Пешвои миллати тоҷик, муарригари тамаддун ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хоки мазори се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат рамзи эҳтиром ба миллат ва фарзандони фидоии он аст. Имрӯз мо тоҷикон аз он шарафмандем, ки Пешвои қадршиносу соҳибэҳтироме дорем, ки бо ҳусни тадбир ва хираду дурандешӣ дар ҳама сатҳ миллати тоҷикро муаррифӣ ва манфиаташро ҳифз менамояд. Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон соҳиби воқеӣ ва муаррифгари ин миллати куҳанбунёд аст, ки бори дигар ин ташаббуси беназираш имрӯз исбот сохт.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ва дигар олимону муҳаққиқон зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бедории худшиносии миллӣ аҳамияти бузург доранд. Таъкид гардид, ки маҳз ҷоннисориҳо ва талошҳои фарзандони фарзонаи миллат дар оғози асри ХХ заминаи воқеии ташаккули давлати тоҷиконро фароҳам овард. Ба гуфтаи олимон, омӯзиш ва муаррифии корномаи ин чеҳраҳои таърихӣ барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихор аз давлату миллат нақши муассир мегузорад.
Таъкид намуданд, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳтиром ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат идомаи мантиқии сиёсати давлатсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо барои таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани руҳияи ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат мусоидати ҳамаҷониба менамоянд.
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан