Дар бинои Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Муовини Директори Агентӣ бо вакили Парламенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон (Бундестаг) ҷаноби Штефан Майер баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин мулоқот таҳкими робитаҳои дуҷониба, табодули афкор намуда, масъалаҳои мубрами мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти муқовимат бо ҷинояткории муташаккил ба ҳисоб мерафт.
Дар рафти вохӯрӣ Муовини Директори Агентӣ меҳмони олиқадрро барои ташриф овардан ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, омӯзиши усулҳои муосири оперативӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо баррасӣ намуданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила анҷом ёфта, тарафҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда изҳор доштанд.
ДУШАНБЕ, 16 сентябри соли 2026.