Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми Директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ самимона табрик гуфта зикр намуданд, ки забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдории миллӣ ва яке аз муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда арзиши бузург дошта, ҳифз, арҷгузорӣ ва истифодаи дурусти он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими кормандони Агентӣ арзёбӣ гардид.
Дар идомаи ҷаласа як қатор кормандон баромад намуда, доир ба мақому ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ҷомеа, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин масъулияти насли ҷавон дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ андешаҳои худро баён карданд.
Иброз гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як корманди соҳаи хизмати давлатӣ бошад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти Агентӣ бори дигар кормандонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳо, саломатии бардавом ва дар роҳи ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ саъю талошҳои созанда таманно намуданд.