Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентӣ ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зимни иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва фаъолияти пурсамар ба сардори Шуъбаи таъиноти махсуси Агентӣ майори хизмати назорати маводи нашъовар, бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар кори ҷаласа Директори Агентӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳайати шахсии Агентиро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаву хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин, кормандони Агентӣ зимни суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва дастоварди бузурги таърихи давлатдории навини тоҷикон, заминаи устувори рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва зиндагии шоистаи мардум маҳсуб меёбад. Дар ин замина, зикр гардид, ки ҳар як корманди Агентӣ бояд бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва хизматӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва риояи арзишҳои касбӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ саҳми муносиб гузорад.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорон бо ифтихор аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии мақому эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандони ҷавоне, ки дар Агентӣ, нав ба кор қабул шудаанд ва инчунин шунавандагони курси 1-уми Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шудаанд, баргузор гардид.