Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Шукуҳи Истиқлол” дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи Қиёти Ҷамоати шаҳраки Қубодиён чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеа, собиқадорон, ҷавонон, занону бонувон ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳия тамоми сокинони маҳалла ва ноҳияро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии мардуми тоҷик буда, маҳз ба шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи рушди устувор ва ободонӣ қадамҳои устувор мегузорад. Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми фаъол гузоранд.
Дар доираи чорабинии идона намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои халқӣ, таомҳои миллӣ ва роҳпаймоии осоишта бо иштироки сокинон, ҷавонон, бонувон ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Дар намоиш беҳтарин намунаҳои либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар маҳсули дасти ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамзамон гӯшаи таомҳои миллӣ ташкил гардида, меҳмонон бо фарҳанги дастархондории тоҷикона ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ шинос гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ роҳпаймоии осоишта бо иштироки сокинон баргузор шуда, иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳ, ваҳдат ва истиқлол аз кӯчаҳои марказии маҳал гузаштанд.