Имрӯз дар ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорон, аҳли зиё, фаъолони ҷомеа ва сокинон баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси ноҳияи Қубодиён иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Сипас, сухани табрикотии прокурори ноҳияи Қубодиён ва намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шунида шуд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, имрӯз бо фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил дар роҳи ободониву пешрафт устуворона қадам мегузорад.
Қайд гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба рушди устувор ва ободии Ватан ноил гардид.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешкаши ҳозирин гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҳунарӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуданд.