Рӯзҳои 6–7 октябр дар шаҳри Тошкент муколамаи сиёсӣ таҳти унвони «Занон-парламентарӣ ва ҷавонон барои идоракунии ба иқлим устувори захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҷидзода Сарвиноз, Солизода Наима, Холбойзода Нематулло ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарова Ситора иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ суханронӣ карданд.
Ҳадафи асосии муколамаи сиёсӣ таҳкими равишҳои ба масъалаҳои гендерӣ нигаронидашуда ва байнинаслӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти иқлим, идоракунии захираҳои обӣ, энергетика ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки захираҳои обӣ, энергетика, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор танҳо масъалаҳои техникию соҳавӣ набуда, балки аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими идоракунӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳалли самараноки онҳо қабули қарорҳои фарогир, байнисоҳавӣ ва дурназаронаи сиёсӣ, инчунин иштироки фаъоли занон ва ҷавононро тақозо менамояд.
Муколамаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, табодули таҷриба ва баррасии роҳҳои нави иштироки занон ва ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим заминаи мусоид фароҳам овард.