Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ бо ҷаноби Иброҳим Ризоӣ роҳбари гурӯҳи вакилони Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ассамблеяи парлумонии Осиё ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки мардумони Тоҷикистон ва Эронро решаҳои амиқи таърихӣ, забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мепайвандад, ки аз умқи таърих реша гирифта, боиси ифтихори мост.
Аз замони барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои дуҷониба ба таври бесобиқа густариш меёбанд.
Мо дар асоси тамаддуни муштарак, забон ва фарҳанг ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ диқққати хос дода, иброз менамоем, ки тайи ду соли охир муносибатҳои мо бо кишвари дӯст ва бародар ба таври бесобиқа пеш рафтанд.
Аз вазъи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаонатмандӣ намуда, итминон дорем, ки бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён муносибатҳои байни давлатҳои мо боз ҳам қавӣ гардида, батадриҷ ва бомаром вусъат меёбанд.
Мо аз натиҷаҳои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният, фарҳангиву гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем. Асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо давоми 35 сол мустаҳкам гардида, имрӯзҳо зиёда аз 240 ҳуҷҷат ва санадҳои байналмилалиро ташкил медиҳанд.
Таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт имкониятҳои тарафҳо ҳамаҷониба истифода гардида, рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон ба назар мерасад.
Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки ҳанӯз аз лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Маҷлиси намояндагон дар соли 2000 – ум байни кишварҳоямон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсиси дода шуда, то имрӯз бомаром амал менамояд.
Мо ба густариши устувори ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон манфиатдор буда, муколама дар доираи механизмҳои Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентҳои Осиё, Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Хамкории Шанхай, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайатҳо ба роҳ монда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан, талошҳои муштаракро ба харҷ хоҳем дод, -изҳор намуд Файзалӣ Идизода.