Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ бо раиси Кумитаи Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Кипр оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони муқими анклавҳо Христос Христофидис мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва сафари Шумо ба Тоҷикистон боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлу мебошад.
Ташаббуси баргузор намудани мулоқоти имрӯзаро бисёр муҳим ва судманд меҳисобам. Ҳузури Шумо дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масоили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои мо мояи эҳтиром ва нишонаи дӯстии ду кишвар аст.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр тавассути муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва тамосҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ рушд карда истодаанд.
Тули чанд сол аст, ки ин эҳтироми мутақобила заминаи устувори рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овардааст.
Мо ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр аҳаммияти ҷиддӣ медиҳем ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор менамоем. Дар ин замина, мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилаи ҷонибҳо аҳаммияти махсус медиҳем.
Ассамблеяи парламентии Осиёро майдони муносиб барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳои байни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мебошад.
Мо аз фаъолияти Ҷумҳурии Кипр дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё қаноатманд буда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Кипр таъкид менамоем.