Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шуро масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои интиқоли манбаъҳои радиоактивӣ, Созишнома дар бораи истифодаи муштараки маҷмааи таҷрибавӣ дар заминаи токамаки маводшиносии Қазоқистон ва Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта аз 26 июни соли 1992 пешниҳоду баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.