Рӯзҳои 3-4 сентябр дар Малайзия конфоронси байналмилалӣ доир ба баробарии гендерӣ ва сиёсати ҷавонон доир шуд, ки дар он раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Маҳмадулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти таъмини сиёсати самарабахши гендерӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, корҳои бузургеро анҷом дод.
Тоҷикистон ҳамчун қадами аввал санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занонро тасдиқ намуд.
Сиёсати дохилии гендерӣ соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишварро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ эълон намуд, шакл гирифт, ки дар он шахс, ҳуқуқ ва озодиҳо арзиши олӣ эътироф гардида, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.
Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 10 нафар ё 30,5% ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар ё 29% ро ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро бонувону занон ташкил медиҳанд.