27.08.26 имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Хайриддинзода Азизбек бо ҳайати шахсии ШВКД ва табибони нохияи Фархор вохӯрӣ намуд.
Зикр гардид, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад – неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
Беҳтар намудани самаранокӣ, сифат ва дастрасии маҷмуи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ равандҳои афзалиятноки “Стратегия миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба шумор мераванд.
Танҳо дар соли 2025 хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба 11,5 баробар шуда бошад, соли 2026 ба ин соҳаҳо маҷмуан 13,5 млрд.сомонӣ ё 20,2 фоизи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ равона мегардад.
Дар соли 2025 дар соҳа дар умум 72 навгониҳо ворид карда шудааст, ки аз инҳо -14 навгонӣ дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошанд. Бо роҳандозии тадбирхои судманди давлату ҳукумат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи омори расмӣ шумораи беморхонахо аз 374 адад дар соли 1991 ба 608 адад дар соли 2024, муассисаҳои табобатии ба аҳолӣ ёрии тиббии амбулаторию дармонбахшӣ расонанда аз 865 адад ба 2963 адад расонида шудааст.
Дар мачмуъ зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиб тайёр карда шудаанд.
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Имрӯз моро зарур аст, ки аз таърихи начандон дури гузаштаи давраи соҳибистиқлолӣ сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.