26.08.26 Имрӯз мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ашт, №17 Зиёӣ Баҳриддин бо интихобкунандагони деҳаҳои Муломир ва Кули-Хоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Зиёӣ Баҳриддин оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад.
Инчунин, зикр карда шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иқтисод ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад. Ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла фаъолони ҷомеа, бояд дар корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, интихобкунандагон ба саволу дархостҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.