Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳаммадулло бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва омили асосии пешрафту рушди давлат мебошад. Барои мардуми тоҷик Истиқлолият танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад.
Имрӯз истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдат, ягонагӣ ва пешрафти давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми худро гузорад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳаммадулло роҷеъ ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар зарфи сиву панҷ сол, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф", ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими сулҳ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад ва ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 барои миллати тоҷик имконияти бунёди давлати миллӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушду тараққиёт фароҳам омад.
Дар тули 35-соли истиқлолият Тоҷикистон роҳи пурмашаққат, вале пурифтихорро тай намуда, аз як кишвари гирифтори мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ба давлати рӯ ба рушд ва соҳиби мавқеи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Шерализода Муҳаммадулло ба саволу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои саҳеҳ дод.